Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия метавонад ба ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҳамла кунад"


Ҷеймс Клаппер, раҳбари Хадамоти истихбороти Амрико
Ҷеймс Клаппер, раҳбари Хадамоти истихбороти Амрико

Ҷеймс Клаппер, раҳбари Хадамоти истихбороти Амрико ин эҳтимолро баъид намедонад, ки агар Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш барои ҳифзи аҳолии мулкӣ дар фазои Сурия манотиқи парвози мамнӯъ эҷод кунанд, Владимир Путин метавонад ба сарнагун кардани ҳавопаймоҳои амрикоӣ амр диҳад. Ин нуктаро Ҷеймс Клаппер рӯзи 25 октябр баён кард.

Ҷеймс Клаппер дар бахше аз суханони худ ҳангоми суҳбат дар Шӯрои сиёсати хориҷӣ дар Ню-Йорк гуфтааст, эҳтимол дорад агар дар Сурия минтақаи парвози мамнӯъ эҷод шавад ва Русия дар сурате ки нерӯҳои заминии худро дар баробари таҳдидҳо бубинад, "ба ҳавопаймоҳои Амрико ҳамла кунад".

Раҳбари хадамоти истихборот системаи мушакии дифои ҳавоии Русияро, ки дар Сурия ҷойгир шудаанд, силоҳи пуртаъсири замонавӣ унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, Русия ин силоҳро ба Сурия интиқол намедод, агар нияти истифодаи онро намедошт.

Идеяи эҷоди манотиқи мамнӯъ-парвоз дар Сурияро атрофиёни президент Барак Обама ва матбуоти Амрико фаъолона баррасӣ мекунанд. Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳур аз эҷоди минтақҳои мамнуъ-парвоз дар Сурия, баъди машварат бо Русия пуштибонӣ мекунад. Амалӣ шудани ин тадбир ба гуфтаи Клинтон, барои ҳимояти аҳолии мулкӣ ва наздик овардани хатми ҷанг кумак мекунад.

Раҳбари собиқи Хадамоти истихборот, Майкл Ҳайден дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN эътироф кард, ки татбиқи ин идея бо хатар ҳамроҳ аст, "аммо оё мо омодаем дар ҷаҳоне зиндагӣ кунем, ки русҳо хатари муқовиматро қабул доранд, дар ҳоле ки мо гузашт мекунем? Дар бораи паёмади ин фикр кунед", - гуфт Майкл Ҳайден. Коршиносони истихборот ва Пентагон идеяи дигар - мусаллаҳ кардани мухолифони Сурияро пешниҳод мекунанд. Аммо президент Обама барои қабули ин идея омода нест.

XS
SM
MD
LG