Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев паланги сафедро барои қирғизҳо "муқаддас" хонд


Паланги сафед дар таърих ва анъанаҳои мардуми қирғиз мафҳуми муқаддас дошта, рамзи озодӣ ва истиқлол аст. Ин нуктаро президент Алмосбек Отамбоев зимни мулоқот бо Майкл Деспинес, мудири иҷроияи созмони байналмилалии Snow Leopard Trust дар Бишкек баён доштааст.

Дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои минбаъдаи Барномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи палангҳои сафед баррасӣ шудааст. Барномаи мазкурро 12 кишвари ҷаҳон, минтақаҳои паҳни ин навъи ҳайвон соли 2013 дар ҳошияи "Анҷумани ҷаҳонии ҳифзи палангҳои сафед" қабул карда буданд.

"Паланги сафед рамзи мардуми мо буда, барои қирғизҳо муқаддас аст. Ҳифзи ин гуна ҳайвонҳои нодиру низоми муҳити зисташон барои мо вазифаест, ки аҳамияти миллию давлатӣ дорад", - афзудааст Отамбоев. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба баргузории саммити ҳифзи палангҳои сафед дар Қирғизистонро, ки соли 2017 дар назар аст, баррасӣ кардаанд.

Дар ин мулоқот муовини аввали сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абдулғозиев, мудири илмии Snow Leopard Trust Чарудутт Мишра, мудири барнома дар ин кишвар Кубаничбек Жумабой ва экологи калони минтақавӣ Костуб Шарма низ иштирок доштаанд.

Бар пояи маълумоти Бунёди экологии ҷаҳонӣ, дар ҳудуди Қирғизистон наздики 250-300 паланги сафед зиндагӣ мекунад. Шумори умумии онҳо дар ҷаҳон аз 3 то 7 ҳазор арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG