Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 26-уми октябр, бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешавад.

Имрӯз, 26-уми октябр, бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешавад. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бо тими “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, рақобат мекунад.

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо тими “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор вориди рақобат мешавад. Ҳарду бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад.

Ҷоми Тоҷикистон. Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

26 октябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо - соати 14:00

«Хуҷанд» – «Ҳосилот»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Бозии аввал – 2:4.

«Равшан» – «Истиқлол»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Бозии аввал – 0:4.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо шудааст. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор ва “Хуҷанд” се бор барандагони Ҷом шудаанд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Дар мавсими соли гузашта “Истиқлол” барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.

Замони асосии бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Замони изофӣ – ду қисми 15-дақиқагӣ - бо ҳисоби мусовии 2:2 поён ёфт. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. “Истиқлол” аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 6:5

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG