Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интизор меравад имрӯз як ҳайати расмии Узбакистон ба Қирғизистон биравад. Ҳадафи аслии ин сафар - таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ унвон шудааст. Сафари ҳайати Узбакистон ба вилояти Ӯши Қирғизистон дар назар дошта шудааст. Ин ҳайат дар як чорабиниҳои фарҳангии Ӯш ширкат ва бо намояндагони Маҷмааи халқҳои Қирғизистон мулоқот мекунад. Ҳайати Узбакистон ҳамчунин аз кампуси "Ак буура"-и донишгоҳи давлатии Ӯш низ дидан ва бо донишҷӯёни факултаи тиббӣ мулоқот мекунад. Дар поёни сафар ҳайат ба маҷмааи таърихиву этнографии"Сулаймон-Тоо" меравад. Ҳамчунин дар ин сафар имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст. Пештар аз ин ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии ноиби аввали сарвазири ин кишвар дар таърихи 1 октябри соли ҷорӣ бо даъвати ҷониби Узбакистон ба вилояти Андиҷон рафта, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG