Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аслов дар ҳамоиши "Қалби Осиё" иштирок мекунад


Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Афғонистон ва Ҳиндустон дар Душанбе.

Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Афғонистон ва Ҳиндустон дар Душанбе.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Конфронси вазирони умури хориҷии "Қалби Осиё -- раванди Истанбул", ки 4 декабри соли равон дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 25 октябр сафирони Ҳиндустон ва Афғонистон дар Душанбе Сомнат Гош ва Абдулғафури Орзу даъватномаи муштараки кишварҳои худро ба Сироҷиддин Аслов барои ширкат дар ин ҳамоиш, тақдим карданд. Ҳамоиши "Қалби Осиё -- Раванди Истанбул", ки ба мавзӯи сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон бахшида шудааст, аз чанд сол ба ин тараф баргузор мешавад. Ҳамоиши "Қалби Осиё" соли гузашта дар шаҳри Исломободи Покистон доир шуда буд ва дар он Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон низ ҳузур дошт. Дар ҳамоиши соли гузашта намояндагони 14 кишвар, 17 кишвар ҳомӣ ва 12 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда буданд.

XS
SM
MD
LG