Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон бар Қирғизистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-20) дар бозии дӯстона бар тими мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-20) бо ҳисоби 6:3 ғолиб омад.

Ин бозӣ рӯзи 24-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) баргузор шуд. Се голи мунтахаби Тоҷикистон ба Файзалӣ Сардоров марбут аст. Собирҷон Гулаков, Холид Сабуров ва Фирӯз Сангов якголӣ заданд.

Голҳои меҳмононро Азат Абайдиллоев, Маматзиё Жолдошев ва Нурсултон Абдилдаев ба самар расонданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон боз ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Ҳарду бозӣ дар маҷмааи варзишии «Шоҳин» рӯзҳои 25-ум ва 26-уми октябр баргузор мешаванд.

Футзал. Бозии дӯстона

Тоҷикистон (U-20) – Қирғизистон (U-20) – 6:3

Голҳо: Файзалӣ Сардоров (3 гол), Собирҷон Гулаков, Холид Сабуров, Фирӯз Сангов – Азат Абайдиллоев, Маматзиё Жолдошев, Нурсултон Абдилдаев.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

24 октябр. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин».

XS
SM
MD
LG