Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гумонбарони ҳамкорӣ бо террористҳо дар Олмон боздошт шуданд


Рӯзи сешанбеи 25 октябр дар як чанд минтақаи Олмон амалиёти боздошти шаҳрвандони Русия сурат гирифт, ки ба терроризми молӣ муттаҳам мешаванд. Пулис амалиёти ҷустуҷӯиро ҳамзамон дар 12 маҳалла ва ҳамчунин урдугоҳҳои паноҳандагон ба роҳ монд.

Қабл аз амалиёт пулис ба тафтиши қазияи шаҳрванди 28-солаи Русия машғул буд, ки аз соли 2015 дар баррасӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванд решаҳои чеченӣ дошта ва аз ӯ дар заминаи омода кардани ҷинояти ниҳоят вазнини зидди давлатӣ гумонбар шудаанд. Ба гуфтаи тафтишот, гумонбаршуда, ки исмаш ошкор намешавад, тасмим дошт, ки ба Сурия сафар кунад ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шавад.

Тафтиши ин қазия гумонбарҳои ёрии молӣ ба террористҳоро ошкор кард. Ин нафарон дар гузашта аз Олмон паноҳгоҳ хоста буданд. Хабаргузории DPA аз қавли мақомот гуфтааст, ки пулис феълан таҳдиди террористиро ошкор накардааст.

XS
SM
MD
LG