Пайвандҳои дастрасӣ

СММ дар 5 соли наздик ба Тоҷикистон 363 миллион доллар кӯмак мекунад


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар соли 2015

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар соли 2015

Дар давоми панҷ соли охир аз роҳи барномаҳои СММ ба Тоҷикистон 390 миллион доллар маблағ сармоягузорӣ шудааст. Ин маблағҳо аз роҳи амалисозии барномаҳои СММ дар Тоҷикистон, ки 23 бахшу барномаҳои вижаро дар бар мегиранд, вориди Тоҷикистон шудаанд. Дар ин бора рӯзи 24 октябр дар ҷаласаи бахшида ба 71-умин солгарди таъсиси СММ дар Душанбе Лючия Элми, ҳамофангсози доимии барномаҳои СММ дар Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои ӯ, дар муддати солҳои 2016-2020 қарор аст аз рӯи барномаҳои кӯмак ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СММ 363 миллион доллар маблағ сармоя ворид шавад. СММ аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда гуфтааст, ки аз рӯи стратегияи милии рушд то соли 2030 қарор аст кор дар самти ҳалли масоили муҳими ин кишвар идома ёбад. Тоҷикистон соли 1992 ба узвияти СММ шомил шуд ва аз он замон то имрӯз ин сохтори байналмилалӣ яке аз ёварони аслии кишвар дар амри ҳалли масоили иҷтимоӣву иқтисодӣ, коҳиши фақру масъалаи бекорӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG