Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CIVICUS: "Қазоқистон озодиҳоро маҳдуд мекунад"


Дар гузориши созмони байналмилалии "CIVICUS" Қазоқистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шудааст, ки дар онҳо ба озодии баёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, изҳори ақида ва ҳаққи баргузории ҷамъомадҳои осоишта монеа эҷод мешавад.

"CIVICUS" як созмони байналмилалиест, ки фишори ҳукуматҳоро ба ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва озодии баён пажӯҳиш мекунад. Ин созмон ҳамчунин Қазоқистонро дар қатори кишварҳое қарор додааст, ки садди роҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мешаванд.

Дар раддабандии мазкури CIVICUS исми ҳеч кадоме аз ҳамсояҳои Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон оварда нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ пайваста аз кори мақомоти қазоқ дар самти риояи ҳуқуқи инсон интиқод мекунанд. Бар пояи Конститутсия, Қазоқистон "кишвари дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоиест, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш арзишҳои олиянд".

Ба ҳисоби CIVICUS, беш аз се миллиард аҳолии дунё дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар онҳо озодии баёну фикр поймол мешавад. Аз 104 кишвар, ҷомеаи шаҳрвандии 16 тоаш дар ҳолати тарсу хушунат, 26 тоаш дар фазои хеле маҳдуд ва танҳо дар 9 тоаш озоду боз фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG