Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сербистон шартҳои Иттиҳоди Аврупоро "таҳқиромез" номид


Раиси ҷумҳурии Сербистон Иттиҳоди Аврупоро ба шартгузориҳои "таҳқиромез" барои ворид шудани ин кишвари соҳили Балкан ба Иттиҳод муттаҳам кард. Томислав Николич рӯзи 24 октябр ба нахуствазири Словения Миро Серар, ки барои анҷоми сафар дар Сербистон қарор дорад, гуфт, Сербистон омодааст ҳамаи талаботи бунёдии Иттиҳоди Аврупоро иҷро кунад, сарфи назар аз он ки Иттиҳоди иборат аз 28 кишвар ба "бӯҳрон" гирифтор аст.

Николич нагуфт, ки кадом шартҳои Иттиҳоди Аврупоро "таҳқиромез" мешуморад, аммо эҳтимол ӯ талаби бархе аз кишварҳои Иттиҳодро дар назар дорад, ки мехоҳанд Сербистон Косоворо ҳамчун давлати мустақил эътироф кунад. Сербистон, ки аз шарикони суннатии Русия аст, мехоҳад ба Иттиҳоди Аврупо шомил шавад, аммо истиқлолияти Косоворо сарсахтона рад мекунад. Белград ҳамчунин таҳти фишори Кремлин қарор дорад, ки тасмимашро барои ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо бознигарӣ кунад.

Гузашта аз ин, дар заминаи баҳси Сербистон бо Ғарб бар сари истиқлолияти Косово, ки соли 2008 аз Сербистон ҷудо шуд, Маскав аз мавқеи Белград пуштибонӣ кардааст. Авоили моҳи октябр Николич дар ҷараёни сафараш ба Маскав ба хабаргузории ТАСС гуфт, ки Сербистон ҳеҷ гоҳ ба эътирофи истиқлолияти Косово ҳамчун шарти ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо розӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG