Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 300 сарбози Амрико дар марзи Норвегия бо Русия


Вазири дифои Норвегия Эриксэн Сёрейде
Вазири дифои Норвегия Эриксэн Сёрейде

Ҳукумати Норвегия рӯзи 24 октябр эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 300 сарбози худро дар марзи ин кишвар бо Русия мустақар мекунад. Иқдоме, ки эҳтимол барои Русия хушоянд нест. Ҳукумати Норвегия гуфтааст, 330 маллоҳи пиёданизоми амрикоӣ дар фосилаи 1000 километр аз марзи Русия дар пойгоҳи Ваернеси Норвегия ҷойгир мешаванд. Амрико то ҳол ба пойгоҳи Норвегия, ин кишвари шарики НАТО, танҳо таҷҳизоти низомӣ фиристодааст.

Ҷойгиршавии сарбозони Амрико дар Норвегия ба хотири "рушди қобилияти ҳамкорӣ дар дохили эътилоф анҷом мешавад", - гуфт вазири дифои Норвегия Эриксэн Сёрейде. "Барои амнияти Норвегия муҳим аст, ки шарикони мо барои донишомӯзӣ ба инҷо меоянд, роҳҳои чигуна фаъолият кардан дар Норвегия ва бо нерӯҳои норвегиро меомӯзанд", - гуфт Эриксэн Сёрейде.

Осло мегӯяд, истиқрори сарбозони Амрико аз оғози моҳи январ таҷрибавӣ буда, натиҷаи он соли 2017 арзёбӣ мешавад. Ҳафтаи гузашта сафири Русия дар Осло аз идеяи ҷойгиршавии сарбозони Амрико дар Норвегия изҳори ҳайрат кард ва аз баёнияҳои бамаротиби раҳбарони Норвегия ёдовар шуд, ки гуфтаанд дар симои Русия таҳдидро намебинанд.

Аммо вазири дифои Норвегия аз фаъолиятҳои низомии Русия баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина дар соли 2014 изҳори нигаронӣ кард. Баъзе мунтақидони дохилӣ ба муқовимати нави монанд ба "ҷанги сард"-и байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия кашида шудани Норвегияро зери суол бурдаанд.

XS
SM
MD
LG