Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дояе, ки сари кӯдаки 4-соларо бурида буд, гуноҳашро эътироф кард


Дар шаҳри Москваи Русия муҳокимаи парвандаи ҷиноятии шаҳрванди Узбакистон Гулчеҳра Бобоқулова шуруъ шуд. Вай 29 феврали соли ҷорӣ сари кӯдаки чаҳорсоларо, ки дояаш буд, аз тан ҷудо кард ва бо сари он кӯдак ба истгоҳи метро рафта, "Аллоҳу Акбар" садо дода буд.

Гулчеҳра гуноҳашро эътироф кардааст. "Ман гуноҳамро эътироф мекунам, ҳамин хел гуфт", - хабар додааст ба рӯзноманигорон тарҷумони Бобоқулова Фарида Ҳанифова.

Бобоқулова бо моддаҳои "куштори кӯдаки хурдсол", "барқасдона нобуд кардани моликияти шахси дигар" ва "хабари бардурӯғ дар бораи таркиш" айбдор мешавад.

Додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро то 4 апрел тамдид кардааст. Пештар аз ин Кумитаи тафтишотӣ хабар дода буд, ки Бобоқулова аз бемории музмини равонӣ ранҷ мебарад. Табибон ба вай табобати маҷбурӣ фармуда буданд.

XS
SM
MD
LG