Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷарроҳии тақдирсози Ёсуман (ВИДЕО)


Ёсумани нӯҳмоҳа фардо бояд зери теғи пизишкон қарор гирад. Ӯро ҷарроҳии сарнавиштсоз дар интизор аст. Пизишкон мегӯянд, Ёсуман бо нуқси пой аз модар ба дунё омадааст ва агар ҷарроҳӣ нашавад, тамоми умр аз нуқси пой азоби рӯҳӣ ва ҷисмонӣ хоҳад кашид.

Пизишкон мегӯянд, аксари беморон ба онҳо дер муроҷиат мекунанд, замоне ки кор аз кор гузаштааст ва дигар илоҷе ба ҷуз аз ҷарроҳӣ намондааст.

Дилафрӯз Воҳидова, модари Ёсуман, рӯзи 24 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтараш ҳанӯз думоҳа буд, ки ба онҳо тавсия додаанд, то аз назари пизишкон гузаранд. "Аммо имконият надоштам ва натавонистам ба беморхона барам. Ҳоло ки имкон шуд, ба бемористон овардем ва пизишкон гуфтанд, ҷарроҳӣ мекунем. Агар ҷарроҳӣ накунанд, пойҳояш каҷ мешавад ва як умр азоб хоҳад кашид", - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҷарроҳии сарнавиштсози Ёсуман
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Ҳоло ба мисли Ёсуман садҳо тифлакони дигари тоҷик имкон пайдо кардаанд, ки аз хурдӣ нуқси модарзодии устухон ва ё пойҳои каҷшударо табобат кунанд. Чунин ҷарроҳӣ дар маҷмааи тандурустии "Истиқлол" анҷом мешавад, ки ба тозагӣ ба кор шурӯъ кард.

Пизишкон мегӯянд, агар модари Ёсуман ба онҳо сари вақт муроҷиат мекард, шояд кор то ба ҷарроҳӣ намерасид.

Баҳриддин Самиев
Баҳриддин Самиев

Баҳриддин Самиев, мудири шуъбаи шикастабандӣ ва ортопедии бемористони “Истиқлол” мегӯяд, “бо усули нави табобат, ки “понсети” ном дорад, метавонем, табобати беморро аз бистрӯзагӣ шурӯъ кунем. Як-ду дафъа пойҳои кӯдакро гаҷбандӣ мекунем, баъди вай ҷарроҳии сабуке, ки буриши пӯст ним сантиметррро ташкил медиҳад, гузаронда мешавад.”
Пизишкон мегӯянд, аксари беморон ба онҳо дер муроҷиат мекунанд, замоне ки кор аз кор гузаштааст ва дигар илоҷе ба ҷуз аз ҷарроҳӣ намондааст.

Динора даҳ сол дорад ва дар синфи чорум мехонад. Чанд рӯзи ахир дарди пой ӯро азият медиҳад ва наметавонад, ба мактаб равад. Модараш барои аз дарс ақиб намондани ӯ дар беморхона бо ӯ дарс тайёр мекунад. Пизишкон баъди ташхис муайян кардаанд, ки дар ӯ бемории баромади модарзодии рон боқӣ мондааст.

Рухсора, модари Динора, гуфт, «ҳарчанд тӯли ин солҳо зери назорати пизишкон буд, аммо боре аз дарди пой шикоят намекард. Агар ба барвақтӣ мефаҳмидам, табобатро ба зудӣ оғоз мекардем.”

Табобати атфоли то яксола дар ин марказ ройгон аст. Пизишкони ин маҷмаа бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди имкони муолиҷаи осону арзони пойи кудакон аз волидон даъват мекунанд, бемории фарзандони худро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таваллуд ҷиддӣ гиранд ва барои табобат муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG