Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Кремлин аз пажуҳиши рӯҳияи этирозии донишҷуён хабар надорад"


Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, мегӯяд, Кремлин омӯзиши мавҷудияти рӯҳияи эътирозӣ дар байни донишҷӯён ва профессорони донишгоҳҳои Русияро фармоиш надодааст. Ӯ гуфт, ки дар бораи бозҷӯӣ шудани донишгоҳҳо ба манзури омӯзиши ин мавзӯъ маълумот надорад.

Қаблан нашрияи "Коммерсант" бо такя ба ноиби раиси пажуҳишгоҳи омӯзишҳои стратегӣ ва пешгӯиҳо Никита Данюк дар бораи мавҷудияти "Сенарияҳои ояндаи Русия" хабар дод. Ин барнома рӯйхатеро бо назари донишҷӯён ба масоили муҳими сиёсӣ омода мекунад ва дар ихтиёри сохторҳои давлатӣ қарор медиҳад. Ин тарҳ бо иштироки ҷунбиши "Антимайдан" татбиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG