Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Тонку тӯпе, ки дар Донбасс ҳаст, Бундесвер надорад


Петр Порошенко, президенти Украина мегӯяд, ҷойгиршавии нозирони мусаллаҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар минтақаҳои Донбасс шарти ҳатмии баргузории интихобот аст. Порошенко дар ҳамоиши Берлин гуфтааст, Русия ба минтақаҳои Донбасс, ки хориҷ аз идораи Киев ҳастанд, ба ҳадде тонку тӯпи зиёд овардааст, ки назирашро артиши Олмон - Бундесвер надорад.

Вай гуфтааст, зимни гуфтушунидҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар саммити Берлин ба Владимир Путин, президенти Русия садо баланд накардааст ва танҳо хостааст, ки тирпаррониҳо дар Донбасс қатъ шаванд. "Воқеан, бо дархости қатъи тирпаррониҳо ба Путин муроҷиат карда будам. Мулоқоти "формати нормандӣ"-и Берлин баъди беш аз як соли саммити Порис баргузор шуд ва баргузории он хеле муҳим буд", - изҳор доштааст вай.

Петр Порошенко ҳамчунин гуфтааст, низоми бидуни раводид миёни кишвараш бо Иттиҳоди Аврупо 24 ноябр ҷорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG