Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар 10 сол садҳо миллиардро аз кишвар берун бурдаанд"


Андрей Кравченко, муовини додситони кулли Қазоқистон

Андрей Кравченко, муовини додситони кулли Қазоқистон

Остона мегӯяд, тавонистааст бахше аз пулҳоеро, ки тайи 10 соли охир ғайриқонунӣ аз Қазоқистон берун бурда шудаанд, дубора баргардонад. Андрей Кравченко, муовини додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 24 октябр зимни суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, 10-15 соли ахир аз ин кишвар ба камияш сад миллиард танга ғайриқонунӣ бароварда шудааст. Ба гуфтаи вай, аз ин миён танҳо имкон шудааст, ки наздики 30%-и пулҳоро дубора ба Қазоқистон баргардонанд.

"Ҳанӯз муҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки сармояҳоро ба хориҷ интиқол додаанд ё дар ин ҷиноятҳо даст доранд, сипарӣ нашудааст ва аз ин рӯ, бовар дорем, ки пулҳо баргардонда хоҳанд шуд. Ҳоло бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар ин замина ҳамкориҳои зич дорем", - афзудааст Кравченко.

XS
SM
MD
LG