Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шавкат Мирзиёев ислоҳи қонунҳоро оғоз кард


Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, рӯзи 21 октябр бо имзои як қарор таъини ҳукми зиндонро барои содир кардани бархе аз шаклҳои ҷиноят манъ кардааст. Бар пояи қарори мазкур муҳлати ҳабси пешакии шахсоне, ки ба содир кардани ҷинояте гумонбар мешаванд, аз 72 то 48 соат ва муҳлати ниҳоии боздошт ё ҳабси хонагии айбдоршавандаҳо аз 1 сол то ба 7 моҳ коҳиш хоҳад ёфт. Ба ҷуз ин, тибқи қарори нави Мирзиёев, баъзе салоҳияти додситонҳо ба мақомоти додгоҳии Узбакистон дода мешавад. Ҳамчунин дар қарор омадааст, додгоҳ ҳақ дорад, чораҳои пешгирикунанда дар шакли ғайри боздошт ё ҳабси хонагӣ эълон кунад. Дар ҳамин ҳол, баъзе навъҳои ҷинояткорӣ, ки ба ҷомеа хатари ҷиддӣ надоранд, аз Кодекси ҷиноии Узбакистон хориҷ карда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG