Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса лагери паноҳандагонро дар Кале аз байн мебарад


Садҳо паноҳанда субҳи 24 октябр барои берун шудан аз лагери муҳоҷирон дар шаҳри Калеи Фаронса бо ҷомадону борхалтаҳояшон саф кашиданд. Ин паноҳандаҳо чанд моҳ боз дар ин лагер ба сар мебурданд. Мақомот бошандагони ин шаҳраки муваққатиро, ки аз он "ҷангал" ҳам ном мебаранд, барои будубош дар маконҳои беҳтар ба марказҳои қабули паноҳандагон интиқол медиҳанд.

Кӯчондани паноҳандагон таҳти назорати пулис ҷараён мегирад. Шаби гузашта як гуруӯҳи хурди паноҳандагон дар лагер бетартибиро ба роҳ монда, ҳоҷатхонаҳоро сӯзониданд ва ба сӯи пулис санг партофтанд. Хабаргузории Рейтерс мегуяд, паноҳандагон ба муқобили кӯчондани онҳо ба маконҳои дигар эътироз карданд.

Ҳукумати Фаронса мегӯяд, бастани ин лагер ва кӯч додани паноҳандагон ба маконҳои дигар аз рӯи инсондӯстӣ анҷом мешавад. Беш аз 6 ҳазор паноҳанда акнун ба марказҳои начандон бузурги қабули паноҳандагон дар саросари Фаронса интиқол меёбанд. Садҳо паноҳанда аз Ховари Миёна, Африқо ва Осиёи Марказӣ бо ин умед дар кампи Кале зиндагӣ мекарданд, ки бо роҳе ба қаламрави Бритониё убур кунанд.

XS
SM
MD
LG