Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо раиси Кумитаи амнияти Қазоқистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Карим Масимов – раиси тозатаъини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон – мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти президент гуфт, ин мулоқот рӯзи 24 октбяр дар Душанбе сурат гирифта, ҷонибҳо "вазъу дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва ниҳодҳои амниятӣ"-ро баррасӣ намудаанд. Дар ин мулоқот мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини сартосарии амнияти миллӣ дар Тоҷикистону Қазоқистон баҳс шудааст. Карим Масимов ахиран аз мақоми нахуствазири Қазоқистон барканор шуда ва раҳбари Кумитаи амнияти миллии ин кишвар таъин гардид.

XS
SM
MD
LG