Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ифротгароӣ дар машваратҳои Тоҷикистону ИМА


Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Амрико охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шудааст. Сафорати Амрико гуфт, дар ин машварат ҷониби Иёлоти Муттаҳидаро Уилям Е. Тодд, муовини аввали ёвари вазири хориҷӣ дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ раҳбарӣ кардааст. Ба қавли манбаъ, тарафҳо зарурати ҳамкории наздиктар дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро тасдиқ карда, дастгирии рушди иқтисодиро низ баррасӣ намудаанд. Уилям Тодд гуфтааст, Амрико дар баробари ҳимояташ аз истиқлолу соҳибихтиёрии Тоҷикистон, инчунин, кумаки худро барои ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ идома хоҳад дод. Дар аввали соли 2017 Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 25-солагии ҳамкории дипломатии худро таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG