Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳилаи ниҳоии размоиши муштараки Тоҷикистону Чин


Марҳилаи ниҳоии тамрини муштарак ва зиддитеррористии Тоҷикистону Чин рӯзи 24 октябр дар размоишгоҳи Шитарви Бадахшон сурат гирифт. Ҷамшед Ҳусейнов, масъули дафтари матбуоти Вазорати дифоъ, гуфт, дар тамрини муштарак, ки аз чор рӯзи пеш шурӯъ шуда буд, дар маҷмӯъ, ҳудуди 10 ҳазор нафар иштирок карданд, аммо имрӯз 200 тан аз низомиёни чинӣ мустақиман дар размоишгоҳ ҳузур доштанд.

Ҳусейнов таъкид кард, дар марҳалаи ниҳоӣ аз техника ва муҳимоти ҷангӣ, назири чархбол, зиреҳпӯш ва силоҳҳои оташфишон истифода шуд, ки қисме аз Чин интиқол дода шуда буданд. Ба қавли ин манбаъ, мавзӯи асосии тамрин – мубориза алайҳи терроризм буд ва саркӯб кардани душмани шартӣ ба ҳангоми амалиёти тактикӣ, амалӣ шуд.

Тамрини муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Чин таҳти раҳбарии Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва намояндаи низомии артиши Чин ҷараён гирифт.

XS
SM
MD
LG