Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи таҷдиди назар Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии пешини Мисрро барои “нақшаш” дар куштори эътирозгарон дар соли 2012 дар Қоҳира ба 20 соли ҳабс маҳкум кардааст. Раиси ҷумҳури собиқи Миср се сол боз дар боздошт аст. Ӯ пештар барои се парвандаи мутафовит ба ҳабси абад ва қатл маҳкум шуда буд. Ҳоло дар додгоҳи таҷдид назар ҳукми ӯ ба 20 соли ҳабс коҳиш ёфтааст. Муҳаммад Мурсӣ нахустин раиси ҷумҳури ғайринизомӣ буд, ки пас аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак дар интихоботи озод ба қудрат расид, аммо дер напоид.

XS
SM
MD
LG