Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тозатарин назарсанҷии анҷомшуда тавассути хабаргузории Рейтерс ва муассисаи Ипсос нишон додааст, ки ҳафтаи гузашта фосилаи миёни Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо Ҳилларӣ Клитон, номзади Ҳизби демократ ба мақоми президенти Амрико коҳиш ёфтааст. Ба гузориши Рейтерс, бар асоси ин назарсанҷӣ, ки аз 14 то 20 октябр анҷом шуд, Клинтон бо 44 дарсад дар муқобили Доналд Трамп (40 дарсад) пештоз аст. Дар ҳоле ки дар назарсанҷии анҷомшуда аз 7 то 13 октябр ин тафовут ҳафт дарсад бештар ба фоидаи Клинтон буд. Шоми чаҳоршанбе дар аёлати Наведаи Лас-Вегас охирин баҳси телевизионии номзадҳои ду ҳизби Амрико ба мақоми президентӣ баргузор шуд. Ба назари шореҳон, нуқтаи авҷи баҳс замоне буд, ки Доналд Тармп, номзади ҷумҳурихоҳон гуфт, дар ҳоли ҳозир наметавонад ваъда диҳад, ки дар сурати мағлуб шуданаш натоиҷи интихоботро эътироф мекунад. Интихобои президентии Амрико рӯзи 8 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG