Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гӯру чӯби мушкили боз як зани масеҳӣ дар Қирғизистон


Оромгоҳи масеҳиён дар наздикии Бишкек

Оромгоҳи масеҳиён дар наздикии Бишкек

Сокинони як рустои ноҳияи Оқсӯй дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон монеи гӯру чӯби зани масеҳӣ шуданд. Элчибек Ҷонтаев, ҳокими Оқсӯй, гуфт, ки баъди музокироти рӯзи 22 октябр бо сокинони русто ҷасади ин зан дар қабристони куҳна зери хок карда шудааст. Ба қавли ӯ, ин зан 60 сол дошта, 15 соли қабл бо пайравӣ аз фирқаи баптистӣ аз ислом ба масеҳият гаравидааст. Аз ин пеш дар ноҳияи Ала-Букаи Қирғизистон ҷасади Канигул Сотиболдиева, як зани масеҳии 76-сола бори севум ба хок супурда шуд. Сотиболдиева рӯзи 13 октябр вафот кард ва ӯро нахуст дар қабристони мусалмонҳо ба хок супориданд. Вале сокинони деҳаи Сари-Талааи ноҳияи мазкур нагузоштанд, ки ҷасади зани масеҳӣ дар қабристонашон бихобад. Баъдан, ҷасади Сотиболдиеваро аз гӯр берун оварда, дар қабристони масеҳиҳо дафн карданд. Аммо масеҳиҳо низ зиддият нишон дода, гуфтанд, Сотиболдиева ҳаммазҳаби онҳо набуд. Баъдан шавҳараш барои ин зан дар берун аз қабристон дар як гӯшаи замин «манзили охират» дуруст кард.

XS
SM
MD
LG