Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар нуҳ моҳи гузашта 311 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 22 октябр гуфтанд, дар натиҷаи ин садамаҳо 970 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аммо, ба қавли манбаъ, садамаҳои нақлиётӣ дар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 11 дарсад кам шуда, теъдоди ҳалокшудаҳо низ як дарсад камтар будааст. Сабаби аксари садамаҳо “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда” гуфта мешавад. Бар асари садамаи маргбори шаби 10 сентябри имсол дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, ки бо иштироки Фаромуз Саидов, писари 23-солаи Давлаталӣ Саидов – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон рух дод, ду нафар - Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе ва Рустам Сатторови 30-сола, сокини ноҳияи Варзоб (корманди идораи роҳсозӣ) - ҳалок шуданд. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи ин қазия дар ҳоли анҷомёбист ва ҳанӯз иллати садама мушаххас нашудааст.

XS
SM
MD
LG