Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвина Саидова (Парӣ) дар озмуни "Miss World Beauty"


Парвина Саидова

Парвина Саидова

Тоҷикистонро дар озмуни "Маликаи зебоии ҷаҳон" (Miss World Beauty) Парвина Саидова (Парӣ) муаррифӣ хоҳад кард. Ин озмун аз 2 то 6 ноябри имсол дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуда, барои дарёфти ин унвон 120 тарроҳу зебосанам аз гӯшаҳои мухталифи дунё сабқат мекунанд.

Парвина Саидова рӯзи 22 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмим дорад, ки дар баробари зебоӣ ва намоиши либоси миллӣ, инчунин, истеъдоди овозхониву рақсашро нишон диҳад. Ҳоло Парвина барои ин озмун омодагӣ мегирад.

Саидоваи 27-сола, модари панҷ фарзанд буда, борҳо бо либосҳои миллии тарроҳони тоҷик ба ҳайси модел рӯи саҳнаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Украина қадам задааст. Исми ӯ як сол қабл расонаӣ шуд. Парвина, ки бори аввал дар клипи якҷояи Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин зоҳир шуда буд, то нашри чанд аксаш дар Фейсбук як зани хонанишин буд ва рӯзаш бо тарбияи фарзандон сипарӣ мешуд. Аммо баъд аз ин ҳаёти Парвина Саидова ранги дигар гирифт ва ҳоло ӯ нерӯи худро дар намоиши либосҳои миллӣ ва зебоӣ месанҷад.

Парвина мегӯяд, сирри муваффақияташ дар бозори клипсозӣ ва нақшофарӣ маҳз чеҳраи зебо ва қаду қомати расояш аст, ки баъд аз таваллуди панҷ фарзанд ҳам зиёд тағйир накардааст.

XS
SM
MD
LG