Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон кормандони фаннияшро аз Киркук фаро хонд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ба дунболи кушта шудани чаҳор корманди фаннии Эрон дар ҳамлаи маргталабонае дар Ироқ, Ҷумҳурии Исломӣ ҳамаи кормандонашро аз як нерӯгоҳи дар ҳоли сохти барқӣ дар ҷануби шаҳри Киркук фаро хондааст. Дар ин ҳамла 12 ироқӣ ҳам ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо ба шиддат маҳкум кардааст. Саъдуллоҳ Масъудиён, консули Эрон дар Сулаймония, ба хабаргузории давлатии “Ирна” гуфтааст, ки чаҳор корманди фанни дигари Ҷумҳурии Исломӣ эронӣ дар ин ҳамла захм бардоштанд. Хабаргузории Рейтерс гузориш дод, ки гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар баёнияе масъулияти ин ҳамлаи маргталабонаро бар уҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG