Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падар фақат дандонҳои писари муҳоҷири фавтидаашро гӯр кард


Нарзулло Мирзоев
Нарзулло Мирзоев

Нарзулло Мирзоев, сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор, ғусса мехӯрад, ки натавонист, ҷасади фарзандашро ба зодгоҳ оварда дафн кунад. Писари 18-солаи ӯ соли 1999 дар Русия ғарқ шуд ва ӯро ҳамроҳонаш бо сабаби надоштани пул натавонистаанд, ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Ин сокини деҳаи Мортеппа мегӯяд, пуле надошт, ки ҷасадро ба Ҳисор биёрад ва ду дандони сунъии писарро бо худ овард.

Иззатулло Мирзоев соли 1999 ба Русия барои кор рафт, вале хабари маргаш омад. Ҷасади фарзандро ба модару падари мотамзада нарасонданд. Нарзуллоҳ Мирзоев, падари Иззатулло, рӯзи 22 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "баъди рафтанаш ба Русия телефон мекард. Пас аз шаш моҳ дигар телефон накард ва мо дар ташвиш будем. Ба мо хабар омад, ки гӯё писарамон ғарқ шудааст ва ӯро бурда гӯр карданд."

Иззаттуло, ки қабл аз сафар ба Русия дар кори хона ба падар кумак мекард, дар шаҳри Еленски Русия даргузашт. Падар барои мутмаин шудан ва зиёрати гӯр қарз гирифту ба он шаҳр рафт ва аз мақомоти Русия дархост намуд, то гӯри писарашро боз кунанд. Нарзулло Мирзоев мегӯяд, нишона аз писараш Иззатулло ду дандони зарди сунъиаш буд. "Дар хона ҳам гуфтанд, ки агар он ду дандонро дидӣ, пас ҳамон аст, набошад вай нест. Онҳо гӯрро кушода аз майит ду дандони зардро гирифта ба ман доданд", - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Падар фақат дандонҳои писари муҳоҷири фавтидаашро гӯр кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ин сокини деҳаи Мортеппа мегӯяд, пуле надошт, ки ҷасадро ба Ҳисор биёрад ва ду дандони сунъии писарро бо худ овард. Ҳамроҳони Иззатулло гуфтаанд, на танҳо барои интиқол, балки барои нигаҳ доштани ҷасад дар сардхона пул надоштанд, барои ҳамин дафнаш карданд. Нотавонӣ дар овардани ҷасади писар падарро азоб медиҳад, чун мегӯяд агар инҷо мебуд, зиёрати гӯраш дили волидонро таскин медод.

"Баъд, дандонҳоро бурда дар қабристон якҷоро канда гӯрондам. Дигар - тамом, то ҳозир ҳамин хел гаштем", - мегӯяд ӯ.

Дили падар, ки ҷасадро дидааст, ба қавли худаш андаке ором гирифтааст, аммо модар, ки фақат дандонҳои сунъии писарро дидааст, то кунун ба марги ӯ бовар кардан намехоҳад. Нарзуллоҳ Мирзоев мегӯяд, бо шунидани ин ҳарф дигарбора худро надомат мекунад, ки натавонист, ҷасади фарзандро биёраду хотири худаш ва модари Иззатуллоро ҷамъ кунад.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва ҳар сол садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ дар марги бахше аз ин муҳоҷирон миллатгароҳои русро муқассир медонанд, вале кам андар кам мақомоти Тоҷикистон аз Маскав тақозои қотеонаи таҳқиқи ҳодисаҳои куштори шаҳрвандонашонро кардаанд.

XS
SM
MD
LG