Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: Хисороти ҷонӣ дар Ҳалаб ҷинояти миқёси таърихӣ аст


Бомаборони шарқи Ҳалаб, дар муҳосира қарор додани шаҳр ва хисороти ҷонии инсонҳо, ҷинояти миқёси таърихӣ ва баробар бо ҷиноятҳои ҷанг аст, гуфт Комиссари Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар Зайд ал-Ҳусайн. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки мақоми СММ аз ягон кишвар ном набурд, аммо маълум буд сухан аз боби Русия аст, ки неруҳои ҳавоии он ҳафтаҳои ахир шарқи Ҳалабро бомбаборон кардаанд.

Зайд ал-Ҳусайн аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ихтилофи назари худро канор гузоранд ва барои таҳқиқи куштори аҳолии Ҳалаб ба Додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ин мақоми СММ, зуроварӣ ва азияти мардум дар саросари Сурия, бо шумули муҳосира ва бомбаборони шарқи Ҳалаб ин на танҳо фоҷеа, балки ҷинояти миқёси таърихӣ аст.

Русия борҳо гуфтааст, ки бо террористҳо мубориза мебарад ва ба мардуми мулкӣ ҳадафмандона зарба назадааст.

Субҳи 21 октябр намояндаи СММ гуфт, ки сарфи назар аз оташбаси муваққат ва қатъи бомбаборонҳо гурӯҳҳои башрдӯст натавонистаанд афроди мариз ва захмиро аз Ҳалаб берун бароранд. Ҳукумати Сурия гуфтааст, ки гузаргоҳҳои амниятӣ аз ҷониби террористҳо тирборон мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG