Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таксирони тоҷик товон напардохт


Захмҳои Тоҳир Султонов
Захмҳои Тоҳир Султонов

Тоҳир Султонов, таксирони ҷавони тоҷик, ки аз тарафи Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-и Русия латту кӯб ва бо зарби корд захмӣ шуда буд, барои гирифтани зарари моливу маънавӣ аз ин пойгоҳ муваффақ нашуд.

Тоҳир Султонов ва вакили ӯ Саодат Амиршоева аз пойгоҳи 201-и Русия ҳудуди 5 миллион рубли русӣ товон талаб кардаанд.

Саодат Амиршоева, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ва ҳамзамон вакили дифоъ, рӯзи 22 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои рӯёндани зарари моливу маънавӣ панҷ бор ба пойгоҳи 201 муроҷиат карданд, аммо бо гузашти 10 моҳ аз муроҷиатҳояшон натиҷае ба даст наоварданд. Амиршоева гуфт, билохира мушкилоти рӯзгор Тоҳир Султоновро маҷбур кард, ки бо вуҷуди захмҳои зиёд ба муҳоҷират ба Русия биравад.

"Тоҳир Султонов захми зиёд бардошта ин захмҳо гарданашро каме каҷ намудааст, чеҳраашро баднамуд кардааст. Хостем, ки зарари маънавӣ ва он пулеро, ки дар давоми табобат харҷ кардааст, бирӯёнем, вале талошамон натиҷа надод", - гуфт ӯ.

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева

Тоҳир Султонов ва вакили ӯ Саодат Амиршоева аз пойгоҳи 201-и Русия ҳудуди 5 миллион рубли русӣ товон талаб кардаанд. Гуфта мешавад, Тоҳир Султонов дар зарфи беш аз 20 рӯзи бистарӣ будан дар беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа ҳудуди 16 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ҳамчунин, барои таъмири мошинаш, ки дар натиҷаи амалкарди сарбози рус осеб дид, 40 ҳазор сомонӣ сарф намудааст.

Дар ҳоле ки мақомоти пойгоҳи 201 дар ин бора изҳори назар накардаанд, Саодат Амиршоева гуфт, "боре бо масъулони пойгоҳ дар Қӯрғонтеппа мулоқот кардем ва онҳо дар посух ба номаҳои мо талош карданд, ки Дмитриӣ Толстойро "девона" нишон диҳанд." Вакили тоҷик мегӯяд, аз ҳамкорӣ бо масъулони пойгоҳи 201-и Русия ноумед шуд ва тасмим дошт, ки ба Сергей Шойгу, вазири дифои Русия шикоят барад, вале Тоҳир Султоновро мушкили иқтисодӣ ба муҳоҷират бурд.

Тоҳир Султонов пеш аз ҳамлаи сарбози рус
Тоҳир Султонов пеш аз ҳамлаи сарбози рус

Муҳаммадраҷаб Султонов, падари Тоҳир Султонов, гуфт, чанд бор ба мақомоти пойгоҳи Русия муроҷиат карданд, вале баъди бе натиҷа мондани талабҳояшон бо қарзи зиёд писарашро ба муҳоҷират фиристод. Ӯ гуфт, "писарамро маъюб карданд, захмӣ карданд, вале аз ночорӣ боз ӯро ба Русия фиристодем."

Тоҳир Султонови 25-сола, кирокаш аз маҳаллаи Гулистони шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 21 августи соли гузашта бо Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар маҳаллаи Саховати шаҳри Душанбе шинос шуд ва маслиҳат кард, ки ӯро ба Қӯрғонтеппа мебарад. Дмитрий Толстойи 23-сола чун ба Қӯрғонтеппа расид, аз Тоҳир Султонов хоҳиш кардааст, атрофи шаҳрро ба ӯ нишон диҳад, вале дар маҳаллаи Заргари ноҳияи Бохтар ба кирокаш ҳамла кардааст.

Дар натиҷаи ин ҳамла Тоҳир Султонов захмӣ шуда, мошинаш ба як ҷӯйбор афтодааст. Як мақоми пулиси Хатлон, ки дар марҳилаи аввали тафтиши қазияи ҳамла ба ҷавони тоҷик аз сӯи як сарбози рус ширкат дошт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сарбози рус ба хотири пул ба кирокашӣ тоҷик ҳамла кардааст. Иттиҳомоте, худи сарбоз дар бозпурсӣ иқрор шуда, гуфтааст, аз чанд кирокаши ин шаҳр қарздор будааст.

Дмитрий Толстой, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки барои бо сӣ зарби корд маҷрӯҳ кардани ронандаи таксӣ дар Қӯрғонтеппа Тоҳир Султонов муттаҳам мешавад, аз Русия ба Тоҷикистон оварда нахоҳад шуд. Як манбаи наздик ба пойгоҳи ҳарбии Русия моҳи феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Толстой бо қарори додгоҳ дар бемористони касалиҳои рӯҳии Екатеринбург бистарӣ шудааст.

Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар додгоҳ
Илдар Сахапов ва Федор Басимов дар додгоҳ

Ҳамла ба Тоҳир Султонов, нахустин мавриди даст доштани сарбозони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон нест. Қаблан Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов, ду сарбози пойгоҳи Русия бо ҷурми қатли як таксирони тоҷик Раҳимҷон Тешабоев мутаносибан ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд.

Тибқи созишномаи соли 2012, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид кард, ба сарбозону афсарони рус масуният дода шудааст ва мақомоти Тоҷикистон ҳаққи таъқиби ҷиноӣ ва муҳокимаи низомиҳои Русияро надоранд. Муҳокимаи парвандаи Сахапов ва Басимовро низ аз ин рӯ мақомоти додгоҳи низомии худи Русия анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG