Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои Осиёи Марказӣ раҳоӣ аз бунбасти энержиро дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва зиёд кардани нерӯгоҳҳои бодиву хуршедӣ медонанд. Дар як ҳамоиши байналмиллаие, ки рӯзҳои 20-21 октябр дар Душанбе ҷараён дошт, намояндаҳои кишварҳои минтақа миёни ҳам ин мавзӯъро баҳс карданд. Мавзӯи манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ дар ҳоле баррасӣ шуд, ки ин кишварҳо миёни худ барои бунёди нерӯгоҳҳои азими обии барқӣ ихтилофи назар доранд.

Дар Тоҷикистон, ки аксаран нерӯгоҳҳои барқи обӣ дорад, ҳанӯз истифода аз нерӯи хуршедӣ, бахусус батареяҳои офтобӣ роиҷ нашудааст ва кишвар дар ин соҳа аз ҳамсояҳо ақиб мондааст.

Дар ҳамоиши дурӯзаи байналмиллалӣ дар Душанбе, ки бо ширкати мақомоти кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон сурат гирифт, гуфта шуд, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад ҳам аҳолиро аз камбуди барқ халос кунад, ҳам муҳити зистро аз олудагӣ нигаҳ дорад.

Дар Осиёи Марказӣ, ки минтақаи офтобист, дар баробари захираҳои зиёди об барои тавлиди нерӯи барқ, имкони хуби гирифтани нерӯи хуршед ва бод ҳам вуҷуд дорад. Аммо мушкилоти иқтисодӣ нагузоштааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқиву бодӣ ва обии хурду миёна рушд кунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Элеонора Казакова, мудири "Калининская ГЭС"-и Қирғизистон гуфт, “бо назардошти суръати бод дар кишвари мо, насби истгоҳҳои то 10- киловаттӣ имкон дорад. Дар кӯҳу водиҳо то 120 рӯз шамоли сахт ба қайд гирифта мешавад, вале гоҳе ин шумора то ба 40 рӯз мерасад. Аз имконияти 2 миллиард киловатт соат дар як сол нерӯи бодӣ ҳамагӣ 4 миллион киловат соат истифода мешавад. Ин баёнгари он аст, ки то кадом андоза ин имкониятҳо истифода мешавад."

Афғонистон ҳам ҳоло саъй доштааст, истифода аз захираҳои обу нерӯи хуршедиро зиёд кунанд ва то 16 соли дигар саросари кишварро муназзам бо нерӯи барқ таъмин кунанд.

Муҷтабо Ҳайдарӣ, мушовири манбаъҳои барқароршавандаи энержии вазорати оби Афғонистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бо вуҷуди талошҳои ҳукумати нав, ҳоло ҳудуди то 80 дарсади энержии худро аз кишварҳои ҳамсоя мегирем. Боз ҳам аҳолии мо бо барқ таъмин нестанд. То соли 2032 тасмим дорем солона 5 ҳазор мегаватт энергияи барқароршаванда истеҳсол кунем, ки он 95 дарсади ниёзи энержиро дар бар мегирад."

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, ки аксаран нерӯгоҳҳои барқи обӣ дорад, ҳанӯз истифода аз нерӯи хуршедӣ, бахусус батареяҳои офтобӣ роиҷ нашудааст ва кишвар дар ин соҳа аз ҳамсояҳо ақиб мондааст.

Қурбонҷон Кабутов, раиси Маркази пажӯҳиш ва баҳрабардорӣ аз сарчашмаҳои алтернативии энержӣ, гуфт, "манбаи офтоб дар мо ниҳоят кам истифода бурда мешавад. Дар маҷмӯъ кам, нисбат ба гидроэнергетика. Аммо мисолҳои зиёд ҳаст, ки дар хонаҳо, дар корхонаҳо ва бемористону мактабҳо ингуна дастгоҳҳо истифода бурда мешавад."

Истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ яке аз роҳҳои ҳалли бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон аст, аммо тарҳҳои бузурги ҳарду кишвар ба далели ихтилофи назар бо кишварҳои ҳамсоя, амалиношуда мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG