Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА дар Ӯзбекистон сомонаи "созмонҳои шаҳрвандӣ" месозад


Дафтари ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тошканди Ӯзбекистон барои сохтани сомонаи "созмонҳои шаҳрвандӣ" тендер эълон кардааст.

"Ҳамоҳангсози барномаҳои САҲА дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои такмили қонунгузорӣ, давраҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва конфронсҳоро баргузор мекунад, инчунин барои беҳбуди кори мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ машварат медиҳад", - омадааст дар сомонаи расмии САҲА.

Расонаҳои Ӯзбекистон менависанд, ки ҳамаи созмонҳои шаҳрвандӣ дар ин кишвар зери назорати мақомоти давлатиянд.

Дафтари САҲА дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои гуногунро, аз ҷумла, дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои демократӣ ва мубориза бо фасод, сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG