Пайвандҳои дастрасӣ

Русия соли равон ба Қирғизистон беш аз 30 зиреҳпӯш додааст


Русия соли равон ба Қирғизистон беш аз 30 зиреҳпӯш додааст. Дар ин бора Зокир Тиленов, муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ин кумаки низомӣ дар доираи иҷрои барномаи муҷаҳҳазу замонавӣ гардонидани Қувваҳои мусаллаҳ ва таҳкими мудофеаи Қирғизистон расонида шудааст. Ҳамчунин беш аз 100 техникаи низомии дигар аз Чин ба Қирғизистон интиқол ёфтааст.

Тиленов афзуд, ки барномаи таҷҳизи артиши Қирғизистон ҳанӯз идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки нашрияи "Коммерсант" соли 2012 хабар дода буд, ки Русия ба Қирғизистон дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар кумаки низомӣ хоҳад кард. Қаблан Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон гуфта буд, ки Бишкек як бахши техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангию аслиҳаро ҳанӯз дар солҳои 2014-15 гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG