Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташаннуҷ дар байни Ҳиндустону Покистон, ду рақиби дорои силоҳи ҳастаӣ бар сари Кашмир ба Bollywood зарба зад. Исломобод намоиши филмҳои ҳиндӣ ва маводи дигари истеҳсол ин кишварро дар шабакаҳои телевизионӣ ва радио комилан манъ кард.

Сар аз рӯзи ҷумъаи 21 октябр ҳар шабакаи телевизионӣ ва радио, ки дастури мамнӯиятро нақз мекунад, баста мешавад, мегӯянд мақомоти Покистон дар умури танзими матбуоти электронӣ.

Филмҳои ҳиндӣ дар Покистон маъруфият доранд ва Bollywood бисёр ҳунармандони покистониро ба кор ҷалб кардааст.

Мақомот мегӯянд, ин иқдом дар заминаи гузоришҳое гирифта шуд, ки баъзе филмсозони ҳиндӣ аз ҷалби ҳунармандони покистонӣ даст кашидаанд ва баъзе соҳибони синамоҳо интихоби ҳунуармандро аз шумори покистониҳо қатъ кардаанд.

"Ин таҳаввулот баёнгарт он аст, ки ҷониби Покистон итминон ба нафс надорад, ин қарор мояи таассуф аст", - гуфт Викас Сваруп сухангӯи вазорати хориҷии Ҳиндустон. Сваруп гуфт, ки аз фаъолияти ҳунармандони Покистон дар Ҳиндустон ҷилавгирӣ намешавад, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ Деҳлӣ метавонад ба далоили амниятӣ мамнуиятҳои интихобиро ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG