Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон мехоҳад ба фазо моҳвораи дувум бифиристад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Туркманистон мехоҳад, бо ёрии Чин моҳвораи дувуми худро ба кайҳон фиристад. Ин кишвар 28 апрели соли 2015 аз Флоридаи ИМА нахустин моҳвораашро ба кайҳон фиристода буд. Ҳайати Туркманистон имрӯзҳо барои ширкат дар Форуми чаҳоруми ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар вилояти Сичуани Чин ҳузур дорад. Дар Сичуан космодроме бунёд кардаанд, ки аз он ҷо садҳо моҳвора ва дастгоҳҳои кайҳонӣ фиристода шудааст.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки Туркманистон ба сохтани дувумин моҳвораи миллӣ талош дорад. Ин кишвар 28 апрели соли 2015 аз Флоридаи ИМА нахустин моҳвораашро ба кайҳон фиристода буд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш президенти Туркманистон шикоят кард, ки моҳвораи аввал бо ҳамаи иқтидораш истифода бурда намешавад.

XS
SM
MD
LG