Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии НАТО барои баррасии вазъи Украина бо Русия


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО.

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ омодааст, зимни мулоқоти НАТО-Русия, вазъ дар Донбассро баррасӣ кунад. Ин нуктаро Йенс Столтенберг, дабири кулли созмон рӯзи 20 октябр зимни нишасти хабарӣ баён доштааст.

Намояндагони созмон мехоҳанд, ҳамроҳи Русия иҷрои қарордоди Минск ва нақшаи ҳалли низоъро баррасӣ кунанд, ки дар бораи таҳияи он раҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ" рӯзи чаҳоршанбе дар Берлин ба созиш расидаанд, Столтенберг дақиқ нагуфт, ки ин гуфтушунид кай баргузор хоҳад шуд.

НАТО баъд аз он, ки Русия нимҷазираи Қримро соли 2014 ғасб кард, аз ҳамкорӣ бо Москва даст кашид. Ба гуфтаи Столтенберг, дар ҳоли ҳозир нисбат ба Русия аз шеваи муколамаи сиёсӣ кор гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG