Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимол аст, Трамп натиҷаи интихоботи ИМА-ро эътироф накунад


Шоми чаҳоршанбе дар аёлати Наведаи Лас-Вегас охирин баҳси телевизионии номзадҳои ду ҳизби ИМА ба мақоми президентӣ баргузор шуд.

Ба назари шореҳон, нуқтаи авҷи баҳс замоне буд, ки Доналд Тармп, номзади ҷумҳурихоҳон гуфт, дар ҳоли ҳозир наметавонад ваъда диҳад, ки дар сурати мағлуб шуданаш натоиҷи интихоботро эътироф мекунад.

"Бештари ВАО аз ҳад зиёд душманона рафтор мекунанд ва бо нашри маводи туҳматомез дар ҳаққи ман маъракаи бешармонаеро ба роҳ мондаанд ва ин худ қонунӣ будани раванди интихоботро зери суол мебарад. Ба ҷуз ин, дар рӯйхати интихоботӣ миллионҳо одамоне дида мешаванд, ки ҳаққи раъй додан надоранд. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтаам, ки каме сабр кунам ва танҳо баъди интихобот хоҳам гуфт, ки натиҷаҳоро қабул мекунам ё не", - гуфтааст Трамп.

Дар ҷараёни баҳс, масъалаҳои зиёд, аз пур кардани мансабҳои холӣ дар Додгоҳи олӣ то муҳоҷират, сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла дар Ироқу Сурия ва нақшаҳои иқтисодии номзадҳо ба миён гузошта шуд.

Тавре Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демкорат изҳор дошт, Русия зидди ИМА маъракаи ҷосусиеро, ки тамоми ҷомеаи иктишофии Амрико тасдиқ мекунад, роҳандозӣ кардааст ва бо ин роҳ мехоҳад, ба нафъи рақиби ӯ дар интихоботи президентии ин кишвар дахолат кунад.

На Ҳилларӣ ва на Доналд Трампро барои надоштани сифатҳои касбии зарурӣ барои президенти Амрико эътироф накардаанд. Бар пояи натоиҷи як назарсанҷӣ, ки бо дархости СNN баъди баҳсҳо гузаронида шуд, 52%-и тамошобинон Клинтонро ва 39% Трампро пирӯз хондаанд.

XS
SM
MD
LG