Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулҳои ифлос аз Қазоқистон дар бизнеси Доналд Трамп


Амволе, ки ба номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико Доналд Трамп рабт дорад, барои пулшӯии духтараш, дар гузашта ва яке аз мақомҳои баландпояи Қазоқистон истифода шудааст. Дар ин бора нашрияи маъруфи "The Financial Times" гузориш додааст. Нашрия мегӯяд, нусхаи санадеро дастрас кардааст, ки харидории се хонаро дар баландошёнаи Tramp Soho, дар Манҳэттени Ню-Йорк аз тарафи духтари Виктор Храпунов, собиқ Вазири энергетикаи Қазоқистон ва шаҳрдори Аламато, собит мекунад. Хонаҳоро ширкатҳои тақаллубӣ харидорӣ карда, пулашро ба бонки амрикоии Wells Fargo гузаронидаанд. Ба навиштаи "The Financial Times", духтари Храпунов, Элвира Кудряшева ҳоло дар Калифорния зиндагӣ мекунад.

Виктор Храпунов ва ҳамсараш соли 2007 баъди пахши хабар дар бораи муомилати ғайриқонунии шаҳрдори собиқи Алма-ато дар заминаи ҷудо кардани замин барои сохтмон, аз Қазоқистон ба Швейтсария фирор карданд. Мақомоти Швейтсария манбаи дороиҳои Храпунов ва хонаводаи ӯро бо дархости Қазоқистон бозҷӯӣ мекунанд.

Тавре "The Financial Times" менависад, се хонаи марбут ба ширкати Трамп ва шарикони ӯ моҳи апрели соли 2013 дар ҳоле харидорӣ шудаанд, ки баландошёнаи Tramp Soho чандон мавриди таваҷҷӯҳ нашуд ва бозгардонидани сармояҳои хориҷшуда низ зери суол рафт.

Аммо намояндаи Доналд Трамп гуфтааст, ки ширкати ӯ ба фурӯши хонаҳо машғул набуд. Пайдо кардани харидор ва санҷиши молиро ширкатҳои коршарики Трамп - "Bayrock ва Sapir Organization" анҷом додаанд. Дар гузашта худи Доналд Трамп гуфта буд, ки бахши умдаи харидоронаш аз Русия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG