Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ТАСС: "Дар Маскав беш аз 1,37 млн хориҷӣ ба сар мебаранд"


Беш аз 1,37 миллион хориҷиҳо дар шаҳри Маскав ба сар мебаранд, ки 70 дарсади онҳо барои кор омадаанд. Дмитрий Сергиенко, муовини сардори раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Маскав ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки аз ин шумора 85 дарсади онҳо шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии пешин мебошанд. Вай ҳамзамон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир Раёсати муҳоҷирати Маскав масъалаи паненти кории 343 ҳазор хориҷиро баррасӣ дорад, ки аксари онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Украина ҳастанд.

XS
SM
MD
LG