Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се нозир аз Тоҷикистон дар интихоботи Узбакистон


Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии Узбакистон ба унвони нозир ширкат мекунад. Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи панҷшанбеи 20 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба унвони нозир дар интихоботи қарибулвуқуъи раёсати ҷумҳури Узбакистон, ки ба таърихи 4 декабр баргузор мешавад ширкат мекунад.

Ба таъкиди ҷаноби Додозода, аз Тоҷикистон барои аввалин бор се нафар нозир аз ин кишвар дар интихоботи раёсати ҷумҳури Узбакистон ширкат мекунанд. Вай гуфт, ки дар канори Бахтиёр Худоёрзода, ҳамчунин Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон низ ба раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон назорат хоҳанд кард.

Ҷаноби Додозода афзуд, ки ширкати намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи Узбакистон бо даъвати ҷониби кишвари ҳамсоя хоҳад буд, ки воқеаи нодир ва муҳим дар равобити ҳар ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан аз Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботҳои Узбакистон намояндаҳо ширкат намекарданд.

Интихоботи раёсти ҷумҳури Узбакистон 4 декабр баргузор хоҳад шуд ва яке аз номзадҳои калидӣ Шавкат Мирзиёев, президенти муваққати ин кишвар мебошад. Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби Либерал-Демократ, бузургтарин ҳизби кишвар ба ин мақом номзад шудааст.

Ниҳоди интихоботи Узбакистон ҳамчунин эълон кард, ки номзади дигар Сарвар Отамуродов аз тарафи Ҳизби Эҳёи Миллӣ пешбарӣ шудааст. Эҳёи Миллӣ яке аз панҷ ҳизби ҳукуматгаро аст, ки дар порлумони доимо якранги Узбакистон, ҷой дорад. То ҳол ягон интихоботи Узбакистон аз ҷониби нозирони байналмилалӣ озод ва одилона арзёбӣ нашудааст Ҳукумати Узбакистон рӯзи 28 август аз маризии Ислом Каримов хабар дод ва рӯзи 2 сентябр хабари магашро пахш кард.

XS
SM
MD
LG