Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис раҳбари дастгоҳи президентро ҷарима баст


Фарид Ниёзов, раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон.
Фарид Ниёзов, раиси дастгоҳи президенти Қирғизистон.

Нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Қирғизистон Фарид Ниёзов, раиси дастгоҳи президенти он кишварро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ 1000 сом (ҳудуди 100 сомонӣ) ҷарима кардаанд. Ин ҳодиса 14 октябр дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Бишкек рух додааст. Ниёзов бар асоси моддаи 235 Кодекси маъмурии Қирғизистон, ки риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар бар мегирад, ҷарима шудааст.

Аксҳои лаҳзаи пур кардани санад ва пардохти ҷаримаро Ниёзов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст. Дар шарҳи ин аксҳо бархе аз корбарон Ниёзовро қонунсолор номида, бархеи дигар рафтори ӯро худнамоишдиҳӣ баҳо додаанд.

XS
SM
MD
LG