Пайвандҳои дастрасӣ

Беларус аз тамдиди лағви таҳримҳо истиқбол кард


Беларус аз қарори Иёлоти Муттаҳида дар заминаи тамдиди манъи таҳримҳо алайҳи 9 ширкати ин кишвар истиқбол кард. Рӯзи 19 октябр Вазорати умури хориҷии Беларус изҳори бовар кард, ки лағви комили таҳримҳо ба рушди равобити Вашингтон ва Минск мусоидат хоҳад намуд.

Рӯзи 18 октябр Вазорати молияи Амрико эълон кард, ки манъи таҳримҳо алайҳи 9 ширкати нафт ва кимиёии Беларус то 30 апрели соли 2017 идома хоҳад кард.

Соли 2006 Вашинтон дар заминаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Беларус ин ширкатҳоро таҳрим кард. Моҳи октябри соли 2015 Амрико дар ҳоле таҳримҳоро ба муддати 6 моҳ қатъ намуд, ки раҳбари Беларус Александр Лукашенко якчанд зиндонии сиёсиро аз зиндон баровард ва дар гуфтушуниди оташбаси байни Украина, Русия ва ҷудоиталабони шарқи Украина миёнҷигӣ кард.

XS
SM
MD
LG