Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, дахолати ИМА-ро ба қазияи Намозӣ қабул надорад


Эрон гуфт, ки ҳеҷ гуна дахолати Амрикоро дар қазияи соҳибкори амрикоии эронитабор ва падари 80-солаи ӯ қабул надорад. Сиёмак Намозӣ ва падари 80-солаи ӯ Боқир Намозӣ рӯзи 18 октябр дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо ҳукумати Амрико ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Департаменти давлатии Амрико озодии оҷили падару писарро аз Эрон талаб кард ва аз вазъи сиҳатии Боқир Намозӣ, мақоми собиқи UNICEF, ки ӯ низ шаҳрвандии Амрико ва ҳам Эронро дорад, изҳори нигаронӣ кард. Аммо сухангӯи Вазорати умурии хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ рӯзи 19 октябр гуфт, "Эрон ба изҳорот ва дахолати мақомоти Амрико ва талоши онҳо барои тақсим кардани мардуми Эрон аҳамият қоил нест."

Созмони UNICEF низ озодии корманди собиқашро дар "заминаҳои башардӯстона" дархост кардааст.

Хонаводаи Намозӣ мегӯяд, ки Сиёмак Намозӣ моҳи октябри соли 2015 ва падари бознишасти ӯ, як мақомдори собиқи UNICEF Боқир Намозӣ, моҳи феврали соли 2016 боздошт шуданд. Дар моҳҳои гузашта якчанд нафари дорои душаҳрвандӣ, бо шумули амрикоиҳои эронитабор, дар Эрон боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG