Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди ширкати Vodafone-и Британия ба бозори Эрон


Vodafone-и Британия, яке аз ширкатҳои бузурги иртиботӣ дар ҷаҳон барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои интернетрасони Эрон созиш кардааст. Имкони кор барои боз як ширкати ғарбӣ дар Эрон баъди лағви таҳримҳо алайҳи Теҳрон ба даст омадааст.

Дар ин бозор Vodafone бо ширкати интернетрасони Эрон, HiWeb ҳамкорӣ мекунад. HiWeb муштариёни ширкатҳои бузурги чандимиллатии Британияро бо хадамоти собити интернетӣ ва телефони ҳамроҳ дар Эрон таъмин мекунад. Дар навбати худ Vodafone барои замонавӣ сохтани шабака ва зербинои HiWeb кӯмак мекунад.

Бисёре аз ширкатҳои телефонии Аврупо талош доранд дар бозори Эрон, бо 80 миллион одам, ҷойгоҳ пайдо кунанд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ки "Orange" ширкати фаронсавии рақиби Vodafone, бо бузургтарин ширкати мобилӣ дар Эрон, "Mobile Telecommunication Company of Iran" гуфтушунид пеш мебарад.

XS
SM
MD
LG