Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пентагон: ДИИШ аз сокинони Мавсил "сипар" месозад


Пентагон мегӯяд, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" барои хунсо кардани пешрафти нерӯҳои Ироқ дар Мавсил сокинони ин шаҳрро ҳамчун "сипари зинда" истифода мекунад. Ҷуф Девис, суханӯи Пентагон, гуфт, "медонем, ки онҳо ҳамчун сипари зинда истифода мешаванд" ва афзуд, "ин ҳолат чанд ҳафта боз идома дорад. Мардуми мулкӣ иҷборан боздошт ва аз ҳаракати онҳо барои берун рафтан аз Мавсил ҷилагирӣ мешавад."

Ҳудуди якуним миллион нафар ҳанӯз дар Мавсил зиндагӣ мекунанд. Созмони байналмилаии муҳоҷират мегӯяд, ДИИШ ҳазорон нафарро ҳамчун "сипари зинда" ба кор мебарад, то охирин истеҳкоми худро дар Ироқ аз даст надиҳад. Ин гурӯҳ истифодаи силоҳи кимиёвиро аз тарафи тундравҳо, ки дар гузашта алайҳи нерӯҳои курд ба кор бурда шуд, аз эҳтимол дур намемонад.

Пентагон низ ҳамин пешбиниро дорад, ки ДИИШ барои хунсо кардани ҳамлаи нерӯҳои Ироқ аз силоҳи кимиёвии корнохӯрда истифода мекунад. "Нерӯҳои Амрико барои собит кардани истифодаи ин гуна силоҳ ба омӯзиши пораҳои силоҳе оғоз кардаанд, ки ДИИШ дар ҷанг ба кор бурдааст", - мегӯяд хабаргузории Рейтерс. Ҷуф Девис, сухангӯи Пентагон гуфт, "амалиёти бозпас гирифтани Мавсил "як ҷанги зишт хоҳад буд".

XS
SM
MD
LG