Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 соли зиндон барои Сиёмак Намозӣ ва падари 80-солааш


Сиёмак Намозӣ бо падараш Боқир Намозӣ
Сиёмак Намозӣ бо падараш Боқир Намозӣ

Соҳибкори эронитабори Амрико Сиёмак Намозӣ ва падари 80-солаи ӯ Боқир Намозӣ бо ҷурми ҳамкорӣ бо Иёолоти Муттаҳида ҳар яке ба 10-солӣ зиндон маҳкум шуданд.

"Сиёмак Намозӣ ва падари ӯ барои ҳамкорӣ бо ҳукумати хасмонаи Амрико зиндонӣ шуданд", - гуфтааст хабаргузории "Мизон рӯзи 18 октябр.

Хонаводаи Намозӣ мегӯяд, ки Сиёмак Намозӣ моҳи октябри соли 2015 ва падари бознишасти ӯ, як мақомдори собиқи UNICEF Боқир Намозӣ, моҳи феврали соли 2016 боздошт шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Эрон даъват кардааст, ки ин ду нафарро озод кунад. Дар моҳҳои гузашта якчанд нафари дорои душаҳрвандӣ, бо шумули амрикоиҳои эронитабор, дар Эрон боздошт шуданд

XS
SM
MD
LG