Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимоли таҳдидҳои амниятӣ дар Аврпуо баъди шикасти ДИИШ


Комиссионери Иттиҳоди Аврупо дар умури амният ҳушдор дод, ки дар сурати суқути гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Мавсил сели ҷангиён ба Аврупо рӯ меорад ва иттиҳод бояд ба ин вазъият омода бошад.

"Ҳатто теъдоди ками ҷангиён метавонанд таҳдиди бузургро ба бор биёранд ва мо бояд худамонро ба ин омода кунем"- гуфтааст Ҷулиан Кинг рӯзи 18 октябр дар сӯҳбат бо нашрияи Die Welt-и Олмон.

Рӯзи 17 октябр беш аз 30 000 неруи амниятии Ироқ, ҷангиёни курд, қабилаҳои суннимазҳаби араб ва нерӯҳои шибҳанизомии шиаҳо, бо пуштибонии эътилофи таҳти назари Амрико ба сӯи Мавсил - дуюмин шаҳри бузурги Ироқ пешрафт карданд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки дар ҷараёни амалиёт, ки эҳтимолан ҳафтаҳо ё пештар аз ин идома кунад, эҳтимолан то 1 миллион нафар аз хонаҳои худ рӯ ба фирор меоранд. Ҷулиан Кинг ҳамчунин гуфт, ки ҳудудан 2500 ҷангии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар майдонҳои ҷанг аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврпуо мебошанд.

Ҳамзамон бо ин вазири дохилии Олмон Томас де Мезйер дар Берлин гуфт, ки талошҳо барои мубориза бо ДИИШ хатари ҳамлаҳоро дар Аврупо бештар намекунад, зеро "таҳдид аллакай зиёд аст".

Вазири Олмон гуфт, ки дар ростои шикасти ДИИШ ҷангиёни ин гурӯҳ аз Аврупо кӯшиш мекунанд ба ин қаламрав баргарданд, вале мақомот барои ба ҳадди аққал расонидани таҳдидҳои амниятӣ талош мекунанд.

XS
SM
MD
LG