Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳлати буду боши бе қайди қирғизистониҳо дар Қазоқистон то 30 рӯз тамдид шуд


Шаҳрвандони Қирғизистон бе қайди ҷои зист аз ин ба баъд метавонанд то 30 рӯз дар Қазоқистон ҳузур дошта бошанд. Дар ин бора дар сафари расмии вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Қазоқистон созишнома ҳосил шудааст.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар доираи сафари вазири қирғиз ба Қазоқистон миёни ин ду кишвар чанд созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи буду боши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ба имзо расидааст.

Тибқи ин созишнома акнун муҳлати буду боши бе қайди ҷои зисти қирғизистониҳо дар кишвари ҳамсояашон то 30 рӯз тамдид шудааст. Пештар ин муҳлат ҳамагӣ 5 рӯз буд.

XS
SM
MD
LG