Пайвандҳои дастрасӣ

Ду кайҳоннаварди Чин як моҳро дар кайҳон хоҳанд гузаронд


Чин дар партоби киштиии мушакбари кайҳонӣ, ки дастгоҳи санҷиширо ба пойгоҳи кайҳонии "Тянгун-2" мерасонад, комёб шуд. Дар ин бора телевизиони марказии Чин хабар медиҳад.

Бо киштии "Шенчжоу-11" ду кайҳоннавард, ки бояд 30 рӯз дар кайҳон бошанд, парвоз доранд. Ин экспедитсия дар таърихи барномаи кайҳонии Чин дарозтарин сафари кайҳонӣ хоҳад буд.

Пойгоҳи озмоишии "Тянгун-2" 15 сентябр ба мадор баромадааст. Ҳайати "Шенчжоу-11" нахустин ҳайат аст, ки ба он мерасад.

XS
SM
MD
LG