Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев: вазъи ҷаҳон оддӣ нест, мову Қирғизистон бояд бо ҳам бошем


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ахиран бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев мулоқот кардааст. Ҷонибҳо дар мавзуҳои мубрами минтақавӣ ва байналхалқӣ суҳбат кардаанд.

Назарбоев ба робитаҳои таърихиву дӯстонаи Қазоқистону Қирғизистон ишора намудааст.

"Қирғизистон наздиктарин ҳамсоя ва шарики мост. Миёни кишварҳои мо набояд ягон масъалаи ҳалношуда боқӣ монад. Бо назардошти вазъи ғайриоддии ҷаҳон, мо бояд дар канори ҳам бошем", - гуфтааст Назарбоев.

Вазири қирғиз дар навбати худ афзудааст, ки умедвори ҳамкориҳои бештар аст.

XS
SM
MD
LG